Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ба пирӣ хидмати модар-падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун!
Носири Хусрав
Фарзанди ҳунарҳои хештан шав,
То хамчу ту касро писар набошад,
В-он гаҳ ки ҳунар ёфтӣ, бишояд,
Гар ҷуз ҳунарат падар набошад.
Носири Хусрав
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист!
Дониш талабу бузургӣ омўз,
То беҳ нигаранд рўзат аз рўз.
Низомии Ганҷавӣ
Падар меҳрубон кай бувад бар писар,
Чу болида набвад ба хўи падар?!
Адиб Собири Тирмизӣ
То ҷавонию тандурустӣ ҳаст,
Ояд асбоби ҳар мурод ба даст.
Низомии Ганҷавӣ
Модари фарзандро бас ҳақҳост,
Ў на дархурди чунин ҷавру ҷафост.
Ҷалолиддини Румӣ
Гўӣ, ки баъдҳо чӣ кунанду куҷо раванд,
Фарзандакону духтаракони ятими мо?
Худ ёд н-оварӣ, ки чӣ карданду чун шуданд
Он модарону он падарони қадими мо?!
Абдулмаҷди Саноӣ
Зинҳор, ба ҳирфати падар кўш,
Дар дидаи мардум аз ҳунар ҷўш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё