Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар ҷо, ки равӣ, писанд оӣ,
Пеши хама сарбаланд оӣ!
Саъдии Шерозӣ

Хирадманд бошад ҷаҳондида мард,
Ки бисёр гарм озмудасту сард.
Саъдии Шерозӣ

Эй тифл, ки дафъи магас аз худ натавонӣ,
Ҳарчанд ки болиғ шудӣ, охир на ту онӣ.
Шукронаи зўроварии рўзи ҷавонӣ
Он аст, ки қадри падари пир бидонӣ.
Саъдии Шерозӣ

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омўзу рой.
Ки гар ақлу раъяш набошад басе,
Бимириву аз ту намонад касе.
Саъдии Шерозӣ

Биёмўз пеша ту фарзандро,
Ба ҷон бозхар ин накў пандро!
Гузин кун яке пеша аз пешаҳо,
Дилатро барӣ кун зи андешаҳо!
Саъдии Шерозӣ

Нашояд, к-одамӣ чун курраи хар,
Чу сер ояд, нагардад гирди модар!
Саъдии Шерозӣ

Гирам, падари ту буд фозил,
Аз фазли падар туро чӣ ҳосил?
Саъдии Шерозӣ

Туро хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагўянд падарат кист!
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ