Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ!
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад!
Роғиби Самарқандӣ

Ба худ фарзанди мардум чун писар хон,
Надорад гар падар, худро падар дон!
Роғиби Самарқандӣ

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кўдакӣ дасти писар гирад,
Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Тошхоҷа Асирӣ

Кист он кас, ки шири софу лазиз
Ба шумо аз ҷигар расонду чашонд.
Баҳри осоиши шумо аз хоб
Хост, гаҳвораи шумо ҷунбонд.
Шустушў карда дасту пои шумо,
Аз муҳаббат ба ҷои пок нишонд?
Садриддин Айнӣ

Кист он кас, рўз то бегаҳ давид,
Ошу нон баҳри шумо тайёр кард,
То шумо дар мактаб омўзед илм,
Ҷумла кори хонаву бозор кард,
То шумо доно шаведу ботамиз,
Аз насиҳат гўшатон пурбор кард?
Садриддин Айнӣ

Писар, ки нохалаф афтад, падар диҳад пандаш,
Падар, ки нохалаф афтад, писар чӣ кор кунад?!


Ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист,
Нишоти зиндагонӣ дар ҷавонист.

пешина
аз 331
навбатӣ