Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омўз!
Битвон зи ҷигар бурид пайванд,
Дидан натавон хароши фарзанд.
Хусрави Деҳлавӣ
Баччаи хешро ба ноз мадор,
Назараш ҳам зи кор бозмадор!
Чун барояд ба хорию сахтӣ,
Нашавад ў забуни бадбахтӣ.
Рукниддини Авҳадӣ
Чӣ тафохур кунӣ ба номи падар,
Чун надонӣ ниҳод гоми падар?!
Рукниддини Авҳадӣ
Кўдаконе, к-андар айёми шумо пайдо шуданд,
Гар хилофи роятон моил ба кори дигаранд,
Менашояд кардашон таклиф бар одоти хеш,
З-он ки эшон мардумони рўзгори дигаранд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар писар, к-ў аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар, Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебарг арчи бошад аз дарахти мевадор, Чун наёрад бору мева, дар шумори ҳезум аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё