Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Илм неру диҳад камолотро,
Ақл иҷобат кунад суолотро.
Рукниддини Авҳадӣ
Илм нур асту ҷаҳл торикӣ,
Илм роҳат барад ба борикӣ.
Рукниддини Авҳадӣ
Илм рўи туро ба роҳ орад,
Бо чароғаш ба пешгоҳ орад!
Рукниддини Авҳадӣ
Илмро доми молу ҷоҳ масоз,
Бар раҳи худ зи ҳирс чоҳ масоз!
Рукниддини Авҳадӣ
Илм дилро ба ҷои ҷон бошад,
Сари беилм бадгумон бошад.
Рукниддини Авҳадӣ
Ҷавҳари илм ҳамчу зар бошад,
Ки чу куҳна-ст, тозатар бошад.
Рукниддини Авҳадӣ
Ту ба-дон омадӣ, ки кор кунӣ,
В-аз ҷаҳон дониш ихтиёр кунӣ.
Рукниддини Авҳадӣ
Илм баҳри камол бояд хонд,
На ба савдои мол бояд хонд.
Рукниддини Авҳадӣ
Илм дорӣ, зи кас мадор дареғ,
Бар дили ташнагон бибор чу меғ!
Рукниддини Авҳадӣ
Нест оби ҳаёт ҷуз дониш,
Нест боби наҷот ҷуз дониш!
Рукниддини Авҳадӣ
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст зи ашғоли дигар суст кун!
Илм касир омаду умрат ҳақир,
Он чӣ зарурист, ба он шуғл гир!
Ҳар чи зарурист, чу ҳосил кунӣ,
Беҳ, ки иморатгарии дил кунӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бале, ҳикмат он аст пеши ҳаким,
Ки бар роҳи дониш шавад мустақим.
Ба нури дили поки ҳикматпараст
Барад пай ба ҳар чиз аз ин сон, ки ҳаст.
Кашад хома дар дафтари обу гил,
Зи дониш диҳад зевари ҷону дил.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Нахуст аз касби дониш баҳравар шав,
Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав!
Вале по сўи дониш неҳ дар ин роҳ,
Ки илм омад фаровон, умр кўтоҳ!
Наёбад ҳеч кас умри дубора,
Ба илме рав, к-аз онат нест чора.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар касби камол боядат ҷаҳд,
Дар беҳталабӣ ба сар барӣ аҳд.
Гирди талабат васеъу давр аст,
Дарёи улум давру ғавр аст.
Қонеъ нашавӣ, ба ҳар чи ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё