Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар ба олам обрў мебоядат,
Доимо хулқи накў мебоядат.
Фаридуддини Аттор

Беҳтарини чизҳо хулқи накўст,
Халқ хулқи некро доранд дўст.
Фаридуддини Аттор

Чун нагардад халқ бо хўи ту рост,
Гар ба хўи мардумон созӣ, равост.
Фаридуддини Аттор

Он кас, ки на росттабъ бошад, на накў,
На ошиқи кас бувад, на кас ошиқи ў.
Саъдии Шерозӣ

Гарат хўи ман омад носазовор,
Ту хўи неки хеш аз даст магзор!
Саъдии Шерозӣ

Макун, хоҷа, бар хештан кор сахт,
Ки бадхўй бошад нагунсорбахт.
Саъдии Шерозӣ

Некии мардум на накўрўӣ аст,
Хўи накў мояи некўӣ аст.
Хусрави Деҳлавӣ

Мизоҷи каҷ раҳо кун, то тавонӣ,
Ки то ба каҷмизоҷон дарнамонӣ.
Хусрави Деҳлавӣ

Меҳр маҳкам шавад зи хушхўӣ,
Дўстӣ кам кунад турушрўӣ.
Рукниддини Авҳадӣ
Касе, ки бо ҳама кас хўи бад ба кор барад,
Ҳамеша дар кафи сад ғусса мумтаҳан донаш.
Магў ба шаҳна, ки зиндон мақоми ў гардон,
Ки пўст бар тани бадхў бас аст зиндонаш.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Машав ғарраи ҳусни гуфтори ў,
Назар кун, ки чун аст кирдори ў!
Басо кас, ки гуфтори ў дилкаш аст,
Вале феълу хўяш ҳама нохуш аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Накўхў аз дари раҳмат дарояд,
Чу гул ҳар ҷо, ки бошад, хуштар ояд.
Бадриддин Ҳилолӣ

Гулистони ҷамолу гулшани рўй
Бувад беобуранг аз гармии хўй.
Бадриддин Ҳилолӣ

Марди бадхў бувад зи некӣ дур,
Гар аз ў некие расад ба зуҳур,
Некияш не зи бихрадӣ бошад,
Некияш мояи бадӣ бошад.
Камолиддини Биноӣ

Бадтар аз хулқи бад балое нест,
Хоҷа, ин дардро давое нест.
Гарчи ахлоқи бад араз бошад,
Ин араз ояи мараз бошад.
Камолиддини Биноӣ

Ҳар ки атвори неку бад гирад,
Ҳама аз хамнишини худ гирад.
Камолиддини Биноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ