Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Магўй он сухан, к-андар он суд нест,
К-аз он оташат баҳра ҷуз дуд нест.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зи дониш чу ҷони туро моя нест,
Беҳ аз хомушӣ ҳеҷ пироя нест.
Абулқосими Фирдавсӣ

Сухан чун баробар шавад бо хирад,
Зи гуфтор гўянда ромиш барад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Дигар гуфт: «Равшанравон он касе,
Ки кўтоҳ гўяд ба маънӣ басе!».
Абулқосими Фирдавсӣ

Магў, хон, ту чандон сухан бар газоф,
Ки бечора бошад худованди лоф.
Абулқосими Фирдавсӣ

Сухан беҳтар аз гавҳари обдор,
Чу бар ҷойгаҳ-бар барандаш ба кор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба гетӣ сухан гуфтани нобакор
На хуб ояд аз мардуми ҳушёр.
Абулқосими Фирдавсӣ

Сухангўй чун баркушояд сахун,
Бимон, то бигўяд, ту тундӣ макун!
Абулқосими Фирдавсӣ

Суханҳо сабук гўю баста магўй,
Макун хомгуфторӣ бо рангу бўй!
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар нарм гўяд забони касе,
Дуруштӣ ба гўшаш наёяд басе.
Абулқосими Фирдавсӣ

Сухан нарм гўй, эй ҷаҳондида мард,
Маёлой лабро ба гуфтори сард!
Абулқосими Фирдавсӣ

Суханро бибояд шунидан нахуст,
Чу доно шавӣ, посух орӣ дуруст.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳама пухта бояд, ки ронад сухан,
Ки гуфтори некў нагардад куҳан.
Абулқосими Фирдавсӣ

Дуруштӣ зи кас нашнавад нармгўй,
Сухан, то тавонӣ, ба озарм гўй!
Абулқосими Фирдавсӣ

Наёяд зи гуфтори бисёр суд.
Абулқосими Фирдавсӣ

Суханро бисанҷу ба андоза гўй!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳар он кас, к-ў беандеша сухан гўяд, хато бошад.
Абулҳасани Фаррухӣ

Сухан, ки нохуш хоҳад омад, ногуфта беҳ!
Абулфазли Байҳақӣ

Агар хоҳӣ, ки дар дилҳо маҳбуб бошӣ ва мардумон аз ту нуфур надошта бошанд, сухан бар муроди мардумон гўй!
Унсурулмаолии Кайковус

Ҳар киро забон хуштар, хоҳон бештар.
Унсурулмаолии Кайковус

пешина
аз 331
навбатӣ