Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Обсифат ҳар чи шунидӣ, бишўй!
Оинасон ҳар чи надидӣ, магўй!
Низомии Ганҷавӣ

Бо ин ки сухан ба лутф об аст,
Кам гуфтани он сухан савоб аст.
Низомии Ганҷавӣ

Кам гўю гузида гўй чун дур,
То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.
Низомии Ганҷавӣ

Киро дар хирад рой бошад баланд,
Нагўяд суханҳои носудманд.
Низомии Ганҷавӣ

Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,
Нарму ширин гўй бо мардум калом!
Фаридуддини Аттор

Гар сухан аз некуӣ чун зар бувад,
Он сухан ногуфта некўтар бувад.
Фаридуддини Аттор

Тозарўю хушсухан бош, эй ахӣ,
То бувад номи ту дар олам сахӣ.
Фаридуддини Аттор

Ҳар ки сухан гўяд пеш аз он, ки бияндешад, пушаймонияш бор оварад ва ҳар ки наяндешад пеш аз он, ки сухан гўяд, маломат ёбад.
Фаридуддини Аттор

Аз сухангўйӣ маҷўед иртифоъ,
Мунтазирро беҳ зи гуфтан истимоъ.
Ҷалолиддини Румӣ
Нуқтае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.
Ҷалолиддини Румӣ

Сухандони парварда, пири куҳан
Бияндешад, он гаҳ бигўяд сухан.
Мазан бетааммул ба гуфтор дам,
Накў гўй, агар дер гўӣ, чӣ ғам?!
Бияндешу он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гўянд: «Бас!»
Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ, гар нагўӣ савоб.
Саъдии Шерозӣ

Дуруштиву нармӣ ба ҳам - дар беҳ аст,
Чу рагзан, ки ҷарроҳу марҳамнеҳ аст!
Дуруштӣ нагирад хирадманд пеш,
На сустӣ, ки нозил кунад қадри хеш!
На мар хештанро фузунӣ ниҳад,
На якбора тан дар мазаллат диҳад.
Саъдии Шерозӣ

Чу коре бе фузули ман барояд,
Маро дар вай сухан гуфтан нашояд
Вагар бинам, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомўш биншинам, гуноҳ аст.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар ки тааммул накунад дар ҷавоб,
Бештар ояд суханаш носавоб.
Ё сухан орой чу мардум баҳуш,
Ё бинишин ҳамчу баҳоим хамўш!
Саъдии Шерозӣ

Дар сухан бо дўстон оҳиста бош,
То надорад душмани хунхор гўш.

пешина
аз 331
навбатӣ