Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Аввал андеша в-он гаҳе гуфтор,
Пойбаст омадасту пас девор.
Саъдии Шерозӣ
Ба ширинзабонию лутфу хушӣ
Тавонӣ, ки пиле ба мўе кашӣ.
Саъдии Шерозӣ
Суханро ба мизони дониш бисанҷ,
Ки гуфтори беилм бод асту ранҷ!
Саъдии Шерозӣ
Нигар, то чӣ гўяд Сухангўи Балх,
Ки набвад сухан гуфтани рост талх!
Саъдии Шерозӣ
Агарчи пеши хирадманд хомушӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кўшӣ.
Саъдии Шерозӣ
Нахуст андеша кун, он гоҳ гуфтор,
Ки номаҳкам бувад бе асл девор.
Саъдии Шерозӣ
Баҳоим хамўшанду гўё башар,
Парокандагўй аз баҳоим батар!
Саъдии Шерозӣ
Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст,
Бигў, эй бародар, ба лутфу хушӣ!
Саъдии Шерозӣ
Забонбурида ба кунҷе нишаста суммунбукм,
Беҳ аз касе, ки набошад забонаш андар ҳукм.
Саъдии Шерозӣ
Сухане дар ниҳон набояд гуфт,
Ки бари анҷуман нашояд гуфт.
Саъдии Шерозӣ
Ҷое, ки лутф бояд кардан, ба дуруштӣ сухан магўй, ки каманд аз барои баҳоими саркаш бошад ва ҷое, ки қаҳр бояд, бо лутф магўй, ки шакар ба ҷои сақмуниё фоида надиҳад.
Саъдии Шерозӣ
Сухан дар миёни ду душман чунон гўй, ки дўст гарданд, шармзада набошӣ.
Саъдии Шерозӣ
Андеша кардан, ки чӣ гўям, беҳ аз пушаймонӣ хўрдан,
ки чаро гуфтам!
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки сухан насанҷад, зи ҷавобаш бағоят биранҷад.
Саъдии Шерозӣ
Ба бад гуфтан макун хў, то тавонӣ,
Ки арбоби хирад бадгў-т хонанд.
Накў гўӣ, накўгўят нависанд,
Вагар бадхў шавӣ, бадхў-т хонанд.
Ту ҳам худ мунсифи худ шав, чӣ беҳтар,
Ки бад хонанд ё некўт хонанд?
Хусрави Деҳлавӣ
Пушаймон зи гуфтор дидам басе,
Пушаймон нагашт аз хамўшӣ касе.
Хусрави Деҳлавӣ
Сухан он аст, к-аз шарораи шавқ
Хотиреро шавад дарунафурўз.
Хусрави Деҳлавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё