Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳозирҷавобӣ пеши доноён қадри азим дорад, аммо ба тавре, ки муносиб бошад, ва, илло, хомўш будан сад бор аз он беҳтар аст.


Касе, ки ҷавоби саволро намедонад, ба ҷои ҷавоб савол мегўяд.


Сухани бисёр – оби ҷўй, камсуханӣ – баҳр, баҳр мегирад ҳама оби ҷўй.


Ба қадри савол ҷавоб бояд гуфт ва агар надонед, аз дигаре, ки донотар бошад, бояд пурсид.


Бадтарини мардумон касест, ки дили донишмандонро ба теғи забон маҷрўҳ кунад.


Ҳар киро забон ширин нест, сазовори таҳсин нест.


Сухани ноандешида – зари носанҷида.


Андеша кун, он гаҳ сухан гўй, то аз лағзиш барканор бошӣ!


Ҳар чи зуд бигўянд, дер кай монад?


Дур шиканаду сухан нашиканад.


Сухани бомавқеъ шамшери буррост.


Аз сад забон забони хомушӣ росттар.


Ҳар киро забонаш нармтар, ёраш бештар.


То напурсандат, магў аз ҳеҷ боб!


Як гап шасту шаш паҳлў дорад.

пешина
аз 331
навбатӣ