Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Гар аз хўрдан шавад қадри касон беш,
Пас, аз мардум сагон бошанд дар пеш.
Бадриддин Ҳилолӣ
Ба хўрдан то ба кай олуда будан?
Хушо кам хўрдану осуда будан!
Бадриддин Ҳилолӣ
Зи шавқи хўрдану завқи чашидан,
Чаро бори шикам бояд кашидан?
Бадриддин Ҳилолӣ
Аз таому шароб бошӣ дур,
Нахурӣ, вар хўрӣ, ба қадри зарур.
Ақл, к-он фавқи тоқати бадан аст,
Теша бар пои хештан задан аст.
Гар надонӣ таом хўрдан худ,
Хуни худ мекунӣ ба гардан худ.
Камолиддини Биноӣ
Тандурустӣ агар ҳавас бошад,
Андаке аз таом бас бошад.
Камолиддини Биноӣ
Он тавр бихур, ки худ бихоҳӣ,
Он тавр бипўш, ки мардум хоҳанд.
Бинои давлати худ он касе хароб кунад, Ки шом бихураду субҳгоҳ хоб кунад.
З-обу нон то лаб шикамро пур масоз, Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз!
Сиҳҳати ҷисм дар чӣ чиз аст? Бо иштиҳои содиқ таом хўрдан ва ҳанўз, ки андаке аз иштиҳо боқист, даст аз таом бозкашидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё