Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он ки бошад дар кафи шаҳват асир, Гарчи озод аст, ўро банда гир!


Ҳар ки аз савдои шаҳват маст шуд, Кори ў якборагӣ аз даст шуд.


Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки чӣ шарбат аст, ки чашандаи худро мекушад? Гуфт: «Шаҳват».

  1. ШОДӢ ВА ШАВҚ

З-омада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Мадор эч андешаи бад ба дил,
Ҳаме шодӣ орою ғам баргусил!
Абулқосими Фирдавсӣ

Чу шодӣ бикоҳад, бикоҳад равон,
Хирад гардад андар миён нотавон.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳама ҳамчунон шоду хуррам зиед,
Беозор бошеду беғам зиед!
Абулқосими Фирдавсӣ

Тавонгар шавад, ҳар ки хурсанд гашт,
Гули навбаҳораш барўманд гашт.
Абулқосими Фирдавсӣ

Тавонгар шуд он кас, ки хурсанд гашт,
Аз ў озу темор дар банд гашт.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар дил тавон доштан шодмон,
Ҷуз аз шодмонӣ макун як замон!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба шодӣ дор дилро, то тавонӣ,
Ки бифзояд зи шодӣ зиндагонӣ.
Фахриддини Гургонӣ

Ғаме нест, к-он дил ҳаросон кунад,
Ки онро на хурсандӣ осон кунад!
Асадии Тўсӣ

Ба дарди касон дил мадоред шод,
Ки гардун ҳамеша нагардад ба дод!
Асадии Тўсӣ

Макун шодӣ зи марги дигарон ҳам,
К-аз он шодӣ расад ҷони туро ғам.
Носири Хусрав

Агар хушдил шавӣ дар шодмонӣ,
Бимонад шодмонӣ ҷовидонӣ.
Носири Хусрав

Шодии садсола зояд модари якрўза ғам.
Абдулмаҷди Саноӣ

Шодӣ он шодист, к-аз ҷон рўядат.
Адиб Собири Тирмизӣ

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр аст, бад-он сон гузаронӣ, гузарад.
Умари Хайём

пешина
аз 331
навбатӣ