Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳунар бо хирад дар дили марди тунд,
Чу теғе, ки гардад ба зангор кунд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Надониста дар кор тундӣ макун,
Бияндешу бингар зи сар то ба бун,
Ки тундиву тезӣ наояд ба кор,
Ба нармӣ барояд зи сўрох мор.
Абулқосими Фирдавсӣ
Сари мардумӣ бурдборӣ бувад,
Чу тезӣ кунад, тан ба хорӣ бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба дониш ду дасти ситеза бибанд,
Чу хоҳӣ, ки аз бад наёбӣ газанд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу хашм овариву пушаймон шавӣ,
Ба пўзиш нигаҳбону дармон шавӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Мафармой акнуну тезӣ макун,
Ки тезӣ пушаймонӣ орад ба бун!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ситеза макун, з-он ки боди ситез
Кунад боғи инсофро баргрез!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ситеза ба ҷое расонад сухан,
Ки вайрон кунад хонумони куҳан,
Абулқосими Фирдавсӣ
Ситеза на хуб ояд аз номҷўй,
Бипарҳезу гирди ситеза мапўй!
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё