Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки илм бештар дорад, ўро бузург доред ва ҳар ки аз омўхтани илм нанг дорад, ўро мардум машморед.
Дониш чун чароғ равшан аст, агарчи бисёр чароғҳо аз ў барфурўзад, ҳеч нури ў кам нашавад.
Умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард? Ба таҳсили улум.
Давлатро сарф кунӣ, кам мешавад, илмро сарф кунӣ, зам мешавад.
Илм чун ҳосил кунӣ, он гаҳ амал холис шавад.
Роҳи рост чӣ гуна маълум мешавад?
Ба рўшноии илм.
Ба ҳикмат ҳалли ҳар мушкил тавон кард.
Илме, ки ба роҳи рост набарад, гумроҳист.
Дониш шавад зи озмоиш фузун.
Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб.
Ҳеч неъмат шарифтар аз илм нест .
Ҳеч зевар чун фарҳанг нест!
Давлати илмро заволе нест.
Илм дар хурдӣ–нақш бар санг.
Дониш чароғи ақл аст.
4.АҚЛУ ХИРАД
Хирадманд гўяд: «Хирад подшост,
Ки бар хосу бар ом фармонравост.
Хирадро тани одамӣ лашкар аст,
Ҳама шаҳвату орзу чокар аст».
Абўшакури Балхӣ
Хирад беҳтар аз чашму биноӣ аст,
На биноӣ, афзун зи доноӣ аст!
Хирад бод ҳамвора солори ту,
Мабод аз ҷаҳон ҷуз хирад ёри ту!
Абўшакури Балхӣ
Хирад подшоҳе бувад меҳрубон,
Бувад дар рама гургро чун шубон.
Абўшакури Балхӣ
Касе, к-ў бибинад саранҷом бад,
Зи кирдори бад бозгаштан сазад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи роҳи хирад ҳеч гуна матоб,
Пушаймонӣ орад дилатро шитоб.
Даранг оварад ростиҳо падид,
Зи роҳи хирад сар набояд кашид!
Абулқосими Фирдавсӣ
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос!
Аз ў шодмонӣ, аз ў хуррамист,
Аз ў ҳам фузунию ҳам з-ў камист.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он кас, ки гардад зи роҳи хирад,
Саранҷом печад ба кирдори бад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё