Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад-ў ҷонат аз носазо дур дор!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба озодӣ аст аз хирад ҳар касе,
Чунон чун нанолад зи ахтар басе.
Абулқосими Фирдавсӣ
Хирад парварад ҷони донандагон,
Хирад раҳ намояд ба хонандагон.
Абулқосими Фирдавсӣ
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад!
Абулқосими Фирдавсӣ
Хирад посбон бошаду некхоҳ,
Сараш баргузорад зи абри сиёҳ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Диле, к-аз хирад гардад ороста,
Чу ганҷе бувад пурзару хоста.
Абулқосими Фирдавсӣ
Раҳонад хирад мардро аз бало,
Мабодо касе дар бало мубтало.
Абулқосими Фирдавсӣ
Мадоро хирадро бародар бувад,
Хирад бар сари дониш афсар бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Хирад бояд андар сари марди кор,
Ки тезию тундӣ наёяд ба кор.
Абулқосими Фирдавсӣ
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош!
Абулқосими Фирдавсӣ
Сари бехирад чун тани беравон.
Абулқосими Фирдавсӣ
Наёяд зи марди хирад кори бад,
Хирад хом гуфторҳоро пазад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи сад ангушт н-ояд кори як сар,
На аз сесад ситора кори як х(в)ар.
Фахриддини Гургонӣ
Хирад мар ҷаҳонро сари гавҳар аст,
Равонро ба дониш хирад раҳбар аст.
Асадии Тўсӣ
Ҳама чиз зеру хирад аз бар аст.
Асадии Тўсӣ
Мар хирадро ба илм ёрӣ деҳ,
Ки хирад илмро харидор аст.
Носири Хусрав
Неку бад з-ў бад-он падид ояд,
Ки хирад чун сапед тўмор аст.
Носири Хусрав
Хирад беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ,
Ки дар зар кас набинад ҳушёрӣ.
Носири Хусрав
Хирадманд аз тавозуъ моя гирад,
Бузургӣ аз карам пироя гирад.
Носири Хусрав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё