Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки бошад туршрўю талхгўй,
Дўстон аз вай бигардонанд рўй.
Фаридуддини Аттор
Зи дасти турушрўй хўрдан табарзад
Чунон талх бошад, ки гўӣ табар зад.
Гарам рўй бо пушт гардад, аз он беҳ,
Ки рўе бибинам, ки пуштам биларзад.
Гадотабъ агар дар тамуз оби ҳайвон
Ба дастат диҳад, ҷаври саққо наярзад.
Саъдии Шерозӣ
Касон, ки талхии ҳоҷат наёзмудастанд,
Туруш кунанду битобанд рўй аз аҳли савол.
Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест,
Қиёс кун, ки дар ў худ чӣ гуна бошад ҳол?»
Саъдии Шерозӣ
Мабар ҳоҷат ба наздики турушрўй,
Ки аз хўи бадаш афсурда гардӣ.
Агар гўӣ ғами дил, бо касе гўй,
Ки аз рўяш ба нақд осуда гардӣ!
Саъдии Шерозӣ
Зи бахт рўй туруш карда, пеши ёри азиз
Марав, ки айш бар ў низ талх гардонӣ!
Ба ҳоҷате, ки равӣ, тозарўю хандон рав,
Фурў набандад кори кушодапешонӣ.
Саъдии Шерозӣ
Агар ҳанзал хурӣ аз дасти хушхўй,
Беҳ аз ширинӣ аз дасти турушрўй.
Саъдии Шерозӣ
Ҳаромат бувад нони он кас чашид,
Ки чун суфра абрў ба ҳам даркашид.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё