Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Он чи бо тадбир тавон кард, бо зўру зар натавон кард.
Бо андеша ва тадбир тирагиҳои кор равшан ва ошкор шавад.
Аз ҳампуштии душманон андеш, на аз бисёрии онон.
Ҳар ки бе тадбир коре кард, сомоне наёфт.
Ёрро ҳам ёр ҳаст, аз ёри ёр андеша кун!
Аввал фикр, он гоҳ амал.
Аввал бибин ҷои худ, баъд бимон пои худ.
Андешаи саҳеҳ корро осон мекунад.
- ҲАМНИШИНӢ
Дурӣ зи касе, к-аз ў наёсоӣ, беҳ,
Дар суҳбати ў умр нафарсоӣ, беҳ.
Аз ҳамнафасе, ки ранҷи дил хоҳӣ бурд,
Ҳаққо, ки ҳазор бор танҳоӣ, беҳ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи нодон наёбӣ ба ҷуз бадтарӣ,
Нигар, сўи бедонишон нангарӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ
Набояд, ки гардад ба гирди ту бад,
Ки аз бад туро, бегумон. бад расад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳунар ҷўю бо марди доно нишин,
Чу хоҳӣ, ки ёбӣ зи бахт офарин!
Абулқосими Фирдавсӣ
Касе, к-ў бипарҳезад аз бадманиш,
Наёлояд андар бадиҳо танаш.
Абулқосими Фирдавсӣ
Маҷўед ҳамсоягӣ бо бадон,
Мадоред афсўси нобихрадон!
Асадии Тўсӣ
Аз бадон бад шавад, зи некон нек,
Донад ин моя, ҳар ки ҳушёр аст.
Носири Хусрав
Зи некон нек бошӣ в-аз хасон хас,
Зи дунон дун шавию аз касон кас.
Носири Хусрав
Озодаю карим биёлояд аз лаим,
Чун домани қабот напўшонӣ аз лиом.
Носири Хусрав
Ҳамсоя зи ҳамсоя гирад қимату миқдор.
Носири Хусрав
Бо мардуми аслноку оқил омез
В-аз ноаҳлон ҳазор фарсанг гурез!
Умари Хайём
Гар рухи нокасон набинӣ, беҳ,
Бо хасон ҳар чи кам нишинӣ, беҳ.
З-он ки нокас зи дад батар бошад,
Рост хоҳӣ, зи бад батар бошад.
Гар ту некӣ, бадон кунанд бадат,
Гум кунад суҳбати бадон хирадат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё