Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Душвории интизору дурӣ
Саҳл аст, агар бувад сабурӣ.
Бадриддин Ҳилолӣ
Нишоти орзумандон зи сабр аст,
Гули боғи тараб хандон зи сабр аст.
Ба сабр аз корҳо берун равад банд,
Шавад най шаккару шаккар шавад қанд.
Бадриддин Ҳилолӣ
Ба ғайр аз сабр ғамро чорае нест,
Вале он кори ҳар ғамхорае нест.
Бадриддин Ҳилолӣ
Талхии заҳри шикебоӣ калиди қуфлҳост,
Кори бесомон зи бесабрӣ ба сомон кай шавад?!
Зебуннисо
Сабр хислатест, ки дар ҳодисоти рўзгор изтиробу бим аз одамӣ дур кунад.
«Ҳазору як шаб»
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-Офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
«Калила ва Димна»
Гар сабр кунӣ ба корҳо, наштобӣ,
Рўзе ояд, зи ғўра ҳалво созӣ.
Ҳар кас, ки бинои ақл бар сабр ниҳод,
Бешубҳа, шуд аз банди балоҳо озод.
Сабрат ганҷат диҳад,
Бесабрӣ ранҷат диҳад.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки: «Кадом талхӣ бошад, ки ба охир ширин гардад?»– гуфт: «Сабр».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё