Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
- ҲАВОВУ ҲАВАС
Касеро куҷо пешрав шуд ҳаво,
Чунон дон, ки кораш нагирад наво.
Абулқосими Фирдавсӣ
Шунидам, ки ҳар, к-ў ҳаво парварад,
Наяндешад аз кор, кайфар барад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Касе, к-ў бувад бар хирад подшо,
Равонро надорад ба роҳи ҳаво.
Абулқосими Фирдавсӣ
Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳиямояти як нафасӣ!
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷў, ишва махар,
К-аз дўст бароиву ба душман бирасӣ.
Абуалӣ ибни Сино
Зи дидор бошад ҳаво хостан,
Зи чашм аст дидан, зи дил хостан.
Асадии Тўсӣ
Он бувад аблаҳтарини мардумон,
К-аз паи нафсу ҳаво бошад равон.
Асадии Тўсӣ
Шохи амал бизан, ки чароғест зудмир,
Бехи ҳавас бикан, ки дарахтест камбақо.
Афзалиддин Ҳоқонӣ
Аз рўи ҳавас панҷа мазан шона дар он зулф,
Ин силсила, ҳарчанд кушоӣ ту, дароз аст.
Зебуннисо
Бо ҳавои дил макун зинҳор кор,
То наёрад пас пушаймонӣ ба бор.
Зебуннисо
Оқилро ҳеҷ зарару саҳв чун теғи ҳаво нест.
«Калила ва Димна»
- ТАҚЛИД
Агар бо дидаӣ, нодида машнав,
Ту бурҳон хоҳу бар тақлид маграв!
Носири Хусрав
Аз муқаллид то муҳаққиқ фарқҳост,
К-ин чу Довуд асту он дигар садост.
Ҷалолиддини Румӣ
Наравад мурғ сўйи дона фароз,
Чун дигар мурғ бинад андар банд.
Саъдии Шерозӣ
Тақлид зи ҳар чи ранг мегардонад,
Ҷо бар сад табъ танг мегардонад.
Ғалтидани як санг аз кўҳи баланд
Паҳлўи ҳазор санг мегардонад!
Абдулқодири Бедил
Гову харро накунад хўрдани гандум одам,
Шарафи мард ба тақлид нагардад ҳосил.
Абдулқодири Бедил
Мабош бандаи тақлид, агар на ҳайвонӣ.
Пайи тақлид рафтан аз кўрист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё