Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ба дўст, гарчи азиз аст, рози дил макшой,
Ки дўст низ бигўяд ба дўстони азиз!
Саъдии Шерозӣ
Касе қавли душман наёрад ба дўст,
Ҷуз он кас, ки дар душманӣ ёри ўст.
Саъдии Шерозӣ
Ҷавоҳир ба ганҷинадорон супор,
Вале роз бар хештан пос дор!
Саъдии Шерозӣ
Розе, ки ниҳон хоҳӣ, бо кас дар миён манеҳ, вагарчи дўсти мухлис бошад, ки мар-он дўстро низ дўстони мухлис бошанд.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар он сирре, ки дорӣ, бо дўст дар миён манеҳ, чӣ донӣ, ки вақте душман гардад.
Саъдии Шерозӣ
Асрор ниҳон доштан оини киром аст.
Ибни Ямин
Эй писар, сирре, к-аш аз душман наҳуфтан лозим аст,
Беҳ, ки аз ифшои он бо дўстон кам дам занӣ,
Дидаам бисёр, к-аз сайри сипеҳри каҷниҳод
Дўстон душман шаванду дўстиҳо душманӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар сирри сарбамуҳр, ки уфтад ба хотират,
Суръат макун ба мавҷи баёнаш нигоштан!
Тарсам, шавад ғаромати изҳори он туро
Мушкилтар аз надомати пўшида доштан.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё