Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хирад номи он кас ба хок афканад,
Ки худро худ андар ҳалок афканад.
Хусрави Деҳлавӣ

Ақл шамъ асту илм бедорӣ,
Нафс хобу ҳавас шаби торӣ.
Рукниддини Авҳадӣ

Ҳар чиро нест бар хирад бунёд,
Пеши донанда бод бошад, бод.
Рукниддини Авҳадӣ

Беҳтар аз ақл рушноӣ нест.
Рукниддини Авҳадӣ

Равонро бо хирад дарҳам сириштанд,
В-аз он тухме, ки ҳосил буд, киштанд.
Ҳофизи Шерозӣ

Хирадро асар дар дили оқилон
Фузун бошад аз теғ бар ҷоҳилон.
Бимонад мудом он асар дар замир,
Шавад ин ба якчанд дармонпазир.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гар сафеҳе ба ҳукми нафсу ҳаво,
На ба вифқи хирад кунад коре.
Бар ту нафсу ҳаво чу ғолиб нест,
Ҷуз ба роҳи хирад марав боре!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ақл гўяд ба мардуми нодон:
«Ман ба оби равон ҳамемонам,
Ки ба пастӣ қарор мегирам,
Бар баландӣ макон намемонам!»
Роғиби Самарқандӣ
Ақл ҳусну фазилати калом аст.
Роғиби Самарқандӣ

Ақл, к-он фавқи тоқати бадан аст,
Теша бар пои хештан задан аст.
Камолиддини Биноӣ

Мамлакат аз ақл шавад пойдор,
Кори ту аз ақли ту гирад қарор.


Аз Арастуи Ҳаким пурсиданд, ки қуввати хирад аз чист? Гуфт: «Ҳама касро қувват аз ғизо бошаду ғизои хирад ҳикмат бошад».


Он чи бо тадбир тавон кард, ба зўру зар муяссар нашавад.


Хубтар аз ақл дар ҷаҳон устоде нест.


Раъю тадбир аз шуҷоат беҳтар аст.


Ҳеч давлат беҳ зи ақлу илм нест.


Ҳама дорӣ, агар хирад дорӣ.


Ҳар зараре ақлро зиёда кунад.


Ақлро пайрави лафз накунанд.


Офати ақл тамаллуқ аст.


Одамиро ақл мебояд, на зар.


Фикр пояи ақл аст.

пешина
аз 331
навбатӣ