Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. ЗАБОНУ СУХАН

Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррону теғи куҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сўрох берун кашад морро.
Абўшакури Балхӣ

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармони дард.
Абўшакури Балхӣ

Суханҳо, ки ҷонро бувад судманд,
Аз он марди беарҷ гардад баланд.
Ва он ганҷи гўё нагирад камӣ,
Шунудан бувад мардро хуррамӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,
Сухангўй дар анҷуман хор гашт.
Абулқосими Фирдавсӣ

Шунида суханҳо фаромуш макун,
Ки тоҷ аст бар фарқи дониш сахун!
Абулқосими Фирдавсӣ

Забоне, ки андар сараш мағз нест,
Агар дур биборад, ҳамон нағз нест.
Абулқосими Фирдавсӣ

Сухан ҳамчу қуфл асту посух калид,
Ба посух бад аз нек ояд падид.
Абулқосими Фирдавсӣ

Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,
Суханро чунон хормоя мадор!
Абулқосими Фирдавсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ