Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар он ташна бибояд зор бигрист,
Ки бар каф обу бояд ташнааш зист.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Сарфарозӣ макун аз кисапурӣ!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Давлат набувад ба қуввату зўр,
Хоҳӣ бари филу хоҳ бар мўр.
Шоҳини Шерозӣ

Зар ғами нон хурад, на нон ғами зар,
Гар бувад нон, ба зар барот мабар!
Абдулқодири Бедил

Ба молат маноз, ба як шаб банд аст, Ба ҳуснат маноз, ба як таб банд аст!


Давлат ҳар касро мебардорад, аммо ҳар кас давлатро бардошта наметавонад.


Зарро дўст бисёр аст, зардорро душман бисёр.


Зарро душман гир, то мардумон туро дўст гиранд,


Пул, ки зиёд шуд, хона танг мешавад, зан зишт.


Ҳар ки мол нахурад, пушаймонӣ хурад.


Ҳастӣ меорад мастӣ.


Мол ба рўзи сахтӣ ба кор ояду дўст ба ҳангоми сахтӣ.


Молро ҳар касе ба даст орад, ранҷаш андар нигоҳ доштан аст.


Мол гирд кардан осон аст, нигоҳ доштан душвор.

пешина
аз 331
навбатӣ