Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Моли дунё ба дунё мемонад.


Молу давлат чирки даст аст.


Моли мардум–мору каждум.


Пул чист? Лўнгии ҳаммом– имрўз дар миёни ман,
пагоҳ дар миёни ту.

  1. НАСИҲАТ

Ҳар он гаҳ, ки гўӣ расидам ба ҷой,
Набояд зи гетӣ маро раҳнамой!
Чунон дон, ки нодонтарин кас туӣ,
Агар панди донандагон нашнавӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ

Бияндеш бисёру бикшой гўш,
Сухан аз хирадманд мардум нийўш!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некувӣ андар андеша кун!
Абулқосими Фирдавсӣ

Камозор бошеду ҳам камзиён,
Бадиро мабандед ҳаргиз миён!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба дил низ андешаи бад мадор,
Бадандешро бад бувад рўзгор!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба осоишу некномӣ гарой,
Гурезон шав аз марди нопокрой!
Абулқосими Фирдавсӣ
Маҷўй, эй писар, банди бадро калид!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ин панд туро наёмад он рўз писанд,
Ҳин, хезу дуҳул бизан, чу напзирӣ панд.
Абулҳасани Фаррухӣ

Мардумро пеши халқ панд додан маломат бошад.
Унсурулмаолии Кайковус

Ба масту ба девона мадҳед панд,
Махандед бар пиру бар дардманд!
Асадии Тўсӣ

Мафармой коре бад-он коргар,
Ки аз кор натвонад омад бадар.
Асадии Тўсӣ

Накўкор бош, ар бувад қудрате,
Чу қудрат надорӣ, накўхоҳ бош!
Асадии Тўсӣ

Ҷавонро агарчи сухан судманд,
Зи пирон накўтар пазиранд панд.
Асадии Тўсӣ

Насиҳат бишнав, ар талх ояд аз ёр,
Ки дар охир ба ширинӣ расад кор.
Носири Хусрав

Чу хоҳӣ, то ки ёбӣ донишу ҳуш,
Накун панди ҳакимонро фаромўш!
Носири Хусрав

Пандам чӣ диҳӣ? Нахуст худро
Маҳкам камаре зи панд дарбанд!

пешина
аз 331
навбатӣ