Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Некбахтон ба ҳикояту амсоли пешиниён панд гиранд аз он пеш, ки пасиниён ба воқеаи эшон масал зананд.
Саъдии Шерозӣ
Касеро гў дар ин гетӣ хирадманд, Ки дил бар нукта дорад, гўш бар панд.
Дилу гўше, ки бетамйиз бошад, Сутурону харонро низ бошад.
Хусрави Деҳлавӣ

Диҳад мурда панду ҷаҳон бишнавад,
Вале зиндае ку, ки он бишнавад?!
Хусрави Деҳлавӣ

Панду ваъз аз касе дуруст ояд,
Ки ба кирдор хубу чуст ояд.
Рукниддини Авҳадӣ

Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,
Ки рои пир аз бахти ҷавон беҳ!
Ҳофизи Шерозӣ

Чу панде бишнавӣ аз пандфармой,
Чу доно боядаш дар ҷон кунӣ ҷой.
На чун нодон зи як гўшат барорӣ,
Ба дигар гўш берунаш гузорӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сахтии рўзгорнодида панд гирад зи сахтии дигарон.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Худ нашунидӣ магар, ки мояи ишрат
Талъати зебо бувад, на хилъати дебо.
Ҳабиби Қоонӣ

Некбахт он аст, ки аз ҳоли дигарон панд гирад ва бадбахт он, ки аз ҳоли ў панд гиранд.
«Таърихи гузида»

пешина
аз 331
навбатӣ