Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Панд гир аз масоиби дигарон,
То нагиранд дигарон зи ту панд.
Саъдии Шерозӣ

Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чи носеҳи машфиқ бигўядат, бипазир!
Саъдии Шерозӣ

Насиҳати ҳама олам чун бод дар қафас аст
Ба гўши мардуми нодону об дар ғирбол.
Саъдии Шерозӣ

Худ ногирифта панд, мадеҳ панди дигарон,
Пайкон ба тир ҷо кунанд, он гоҳ бар нишон.
Саъдии Шерозӣ

Чун насиҳат наёядат дар гўш,
Агарат сарзаниш кунам, махрўш!
Саъдии Шерозӣ

Зиндадил аз мурда насиҳатнийўш,
Мурдадил аз зинда нагирад ба гўш!
Саъдии Шерозӣ

Зи соҳибғараз то сухан нашнавӣ,
Ки гар кор бандӣ, пушаймон шавӣ.
Саъдии Шерозӣ

Насиҳат, ки холӣ бувад аз ғараз,
Чу доруи талх аст дафъи мараз.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар ки насиҳат нашнавад, сари маломат шунидан дорад.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар ки насиҳати худройӣ мекунад, ў худ ба насиҳатгаре муҳтоҷ аст.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ