Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чунон кун бо ҳама кас зиндагонӣ,
Ки монӣ зинда, чун зинда намонӣ.
Хусрави Деҳлавӣ
Мурдани одамӣ ба нокомӣ
Беҳтар аз зистан ба бадномӣ.
Хусрави Деҳлавӣ
Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накўном ҳаргиз намурд.
Хусрави Деҳлавӣ
Ба сабр ар барояд туро номи нек,
Диҳад номи некат саранҷоми нек.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гар дасти фитодае бигирӣ,
Чандон, ки ҷаҳон бувад, намирӣ!
Чун номи накўт ёр бошад,
Бо марг туро чӣ кор бошад?!
Шоҳини Шерозӣ
Зи ҳар кас, ки номе дар айём монд,
Чӣ ғам, гар бимирад, к-аз ў ном монд.
Шамсиддини Шоҳин
Бидон, ки дар некномӣ марг беҳтар аз ҳаёти дар бадномӣ.
«Калила ва Димна»
Касе, к-ў шуд ба номи нек машҳур,
Пас аз маргаш бузургон зинда донанд.
Вале он кас, ки бадфеъл асту бадном,
Агарчи зинда бошад, мурда хонанд.
Аз ҷавонони ҷаҳон номи накў мемонад,
Фасли гул мегузарад, лаззати бў мемонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо