Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чист, ки беҳтар аз зиндагонӣ ва бадтар аз марг бошад? ! Беҳтар аз зиндагонӣ некномист ва бадтар аз марг– бадномӣ.
Лаззати зиндагониро дар некномӣ шинос!
Ҳар ки накўном шуд, аз асари некӣ аст.
Номи баланд беҳ аз боми баланд.
Номи мард беҳ аз мард.
Гумномӣ беҳ, ки бадномӣ.
Аз марди нек–номи нек.
Аз некон – боғ,
Аз бадон– доғ.
ГУНОГУН
Дар сахтӣ дил дошта бош ва дар шодии зиндагӣ ба қалъаи сабр паноҳ бибару мардона бикўш, оқибат пирўз мешавӣ.
Анўшервон
Ҳеҷ ганҷе беҳ аз ҳунар нест ва ҳеҷ иззе бузургвортар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест ва ҳеҷ душмане бадтар аз хўи бад нест.
Суқрот
Ба хирасар шумарад серхўрда гурсанаро,
Чунон ки дарди касон бар дигар касе хор аст.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Яке олуда кас бошад, ки шаҳреро биёлояд.
Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рехан.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Ту аз фарғўл бояд дур бошӣ,
Шавӣ дунболи кору ҷон ҳарошӣ!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Он чи бо ранҷ ёфтишу ба зил,
Ту ба осонӣ аз гизофа мадеш!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Чун набошад бинои хона дуруст,
Бегумонам, ки зер рашт ояд.
Абўабдуллоҳи Фароловӣ
Зи дарё ҳамеша гуҳар н-оваранд,
Яке рўз бошад, ки сар н-оваранд.
Абўшакури Балхӣ
Хештанпосдор бошу бепархош,
Рав, ба оғолиш андарун махрош!
Абўмансури Дақиқӣ
Сиришти тан аз чор гавҳар бувад,
Ки бо мард ҳар чор дарх(в)ар бувад.
Яке пурҳунар мард бо шарму дод,
Дигар, к-ў бувад якдилу якниҳод.
Савум, к-ў миёна гузинад зи кор,
Писанд оядаш бахшиши рўзгор.
Чаҳорум наронад сухан аз газоф,
Зи бедонишон ном ҷўяд, на лоф.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он кас, ки ҷўяд ҳаме бартарӣ,
Ҳунарҳо бибояд ба-дин доварӣ.
Яке, рою фарҳанг бояд нахуст,
Дувум, озмоиш бибояд дуруст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо