Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар он кас, ки пўшид дард аз пизишк,
Зи мижгон фурў рехт хунин сиришк.
Абулқосими Фирдавсӣ

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ним кирдор нест.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зи овози рўбаҳ натарсад паланг.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ситуда набошад сари бодсар.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҷаҳон нест бар марди ҳушёр танг.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард.
Ҳасад бурдану сифлагию дурўғ,
Намудан ниёзу заифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дўстон
Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рўяш аз дард зард.
Абўалӣ ибни Сино

Касе, ки оташро ҷой созад андар дил,
Ҳароина, ба дили ў расад нахуст зиён.
Абулқосими Унсурӣ

Ба чӣ кор ояду чӣ нарх орад
Садафе, к-андарун-ш гавҳар нест?!
Абулқосими Унсурӣ

Набувад айш чу маъшуқу бувад бўсашумор.
Абулҳасани Фаррухӣ

пешина
аз 331
навбатӣ