Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Намонад об суханро, чу ронӣ аз паи нон.
Абдулмаҷди Саноӣ

Кўтаҳӣ беҳ зи қиссаи нохуш.
Абдулмаҷди Саноӣ

Бади доно зи неки нодон беҳ.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ҷуд аз абру лоф аз раъд аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Баҳри кайке гилем натвон сўхт.
Абдулмаҷди Саноӣ

Нописанд аст ғафлат аз оқил.
Абдулмаҷди Саноӣ

Мурғи доно қафасшикан бошад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Мурдаву мардро зи марг чӣ бок?
Абдулмаҷди Саноӣ

Говест некшир, валекин лагадзан аст.
Авҳадии Анварӣ

Хуш набошад ҷома ниме атласу ниме палос.
Заҳири Фарёбӣ

Обгина зи санг мезояд,
Лек санг обгина мешиканад.
Афзалиддини Ҳоқонӣ

Нашояд ҳама киштан аз баҳри хеш,
Ки рўзе хуронанд аз андоза беш.
Зи боғе, ки пешинагон коштанд,
Пасояндагон мева бардоштанд.
Чу кишта шуд аз баҳри мо чанд чиз,
Зи баҳри касон мо бикорем низ.
Чу дар кишту кори ҷаҳон бингарем,
Ҳама деҳкишоварзи якдигарем.
Низомии Ганҷавӣ

Зи шуғле, к-аз ў шармсорӣ расад,
Ба соҳибамал ранҷу хорӣ расад.
Низомии Ганҷавӣ

Ҳунар бинад чу айб ин чашми ҷосус,
Ту чашми зоғ бин, на пои товус!
Низомии Ганҷавӣ

Агар нахли хурмо набошад баланд,
Зи тороҷи ҳар тифл ёбад газанд.
Низомии Ганҷавӣ

Мабодо, ки он оташ ояд ба тоб,
Ки наншинад он гаҳ ба дарёи об.
Низомии Ганҷавӣ

Асосе, ки дар осмону замист,
Ба андозаи фикрати одамист.
Низомии Ганҷавӣ

Ту худ донӣ, ки дар шамшербозӣ
Ҳалоки сар бувад гарданфарозӣ?!
Низомии Ганҷавӣ

Нашояд бар касе кард устуворӣ,
Ки нанмудаст бо кас созгорӣ.
Низомии Ганҷавӣ

Ба кор ой андар ин корам ба як чиз,
Ки рўзе ман ба кор оям туро низ.
Низомии Ганҷавӣ

пешина
аз 331
навбатӣ