Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Агар хору хасак дар раҳ намонад,
Гули шамшодро қимат кӣ донад?
Низомии Ганҷавӣ
Маяфкан ту гул, чун баҳор оядат,
Ки ҳангоми сармо ба кор оядат.
Низомии Ганҷавӣ
Мадор аз ҳеҷ навъе гард бар дил,
Ки бошад гард бар дил дард бар дил.
Низомии Ганҷавӣ
На яксон рўяд аз дасте даҳ нагушт.
Низомии Ганҷавӣ
Ҳар ки тиҳикисатар, осудатар.
Низомии Ганҷавӣ
Хуби кам аз бади фузун беҳ.
Низомии Ганҷавӣ
Яке бо сад ояд, на сад бо яке.
Низомии Ганҷавӣ
Кас аз пешбинӣ набинад газанд.
Низомии Ганҷавӣ
Раҳ натавон рафт ба пои касон.
Низомии Ганҷавӣ
Кас нагўяд, ки дўғи ман турш аст.
Низомии Ганҷавӣ
Зи беолатон кор н-ояд дуруст.
Низомии Ганҷавӣ
Чор чиз омад бузургу муътабар,
Менамояд хор, лекин дар назар.
З-он яке хасм асту дигар оташ аст,
Боз беморӣ, ки з-ў дил нох(в)аш аст.
Чорумин дониш, ки орояд туро,
Ин ҳама то хурд нанмояд туро.
Фаридуддини Аттор
Эй писар, ҳар кас, ки дорад чор чиз,
Чори дигар ҳам шавад мавҷуд низ.
Оқибат расвоӣ ояд аз лаҷоҷ,
Хашмро накнад пушаймонӣ илоҷ.
Бегумон, хезад аз он ҷо душманӣ,
Ҳосил ояд хорӣ аз коҳилтанӣ.
Фаридуддини Аттор
Ҳар ки ўро маърифат ҳосил нашуд,
Ҳеч бар мақсуди худ восил нашуд.
Фаридуддини Аттор
Зарраи оташ чу шуд афрўхта,
Бинӣ аз вай оламеро сўхта.
Фаридуддини Аттор
Ҳар ҷой, ки Офтоб рахшон гардад,
Пайдо бошад, ки соя пинҳон гардад.
Фаридуддини Аттор
Дар ҷаҳон, донӣ, кӣ гардад муътабар?
Он, ки ўро пок мебошад назар.
Фаридуддини Аттор
Ҳоли худро аз ду кас пинҳон мадор:
Аз табиби ҳозиқу аз ёри ғор.
Фаридуддини Аттор
Ранҷи андакро бикун ғамхорагӣ!
Варна бинӣ аҷз дар бечорагӣ.
Фаридуддини Аттор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо