Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дарди сарро чун наҷўяд кас илоҷ,
Хавфи он бошад, ки бад гардад мизоҷ!
Фаридуддини Аттор
Оташи андак тавон куштан ба об,
Войи он соат, ки гирад илтиҳоб!
Фаридуддини Аттор
Ҳар чи он аз хилту хун зебо бувад,
Мубталои он шудан беҷо бувад.
Фаридуддини Аттор
Ҳар қатра, ки ҳамранг нашуд бо дарё,
Ў дар дарё чӣ гуна дарё бинад?
Фаридуддини Аттор
Ҳар чи дил гўяд, бар он натвон фузуд.
Фаридуддини Аттор
Малоҳат бояд аввал, пас фасоҳат.
Фаридуддини Аттор
Он чи шеронро кунад рўбаҳмизоҷ,
Эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ!
Ҷалолиддини Румӣ
Он чи бомаънист, худ пайдо шавад,
В-он чи бемаънист, худ расво шавад.
Ҷалолиддини Румӣ
Он яке хар дошт, полонаш набуд,
Ёфт полон, гург харро даррабуд.
Ҷалолиддини Румӣ
Во нагардад аз раҳаш тир, эй писар,
Банд бояд кард селеро зи сар.
Ҷалолиддини Румӣ
Оби дарёро агар натвон кашид,
Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.
Ҷалолиддини Румӣ
То нагиряд абр, кай хандад чаман?
То нагиряд тифл, кай нўшад лабан?!
Ҷалолиддини Румӣ
Ҳар ки аввалибин бувад, аъмо бувад,
Ҳар ки охирбин, чӣ бомаъно бувад!
Ҷалолиддини Румӣ
Комиле гар хок гирад, зар шавад,
Ноқис ар зар бурд, хокистар шавад.
Ҷалолиддини Румӣ
Чун басе Иблиси одамрўй ҳаст,
Пас ба ҳар дасте нашояд дод даст.
Ҷалолиддини Румӣ
Берун зи ту нест ҳар чи дар олам ҳаст,
Аз худ биталаб ҳар он чи хоҳӣ, ки туӣ.
Ҷалолиддини Румӣ
Агар одамеро шодие дар дил меояд, аз он сабаб аст,
ки ў касеро шод кардааст ва агар ғамгин мешавад, касеро ғамгин кардааст.
Ҷалолиддини Румӣ
Моҳӣ аз сар ганда гардад, не зи дум.
Ҷалолиддини Румӣ
Аз паи ҳар гиря охир хандаест.
Ҷалолиддини Румӣ
Душмани товус омад парри ў.
Ҷалолиддини Румӣ
Фикри ширин мардро фарбеҳ кунад.
Ҷалолиддини Румӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо