Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу кардӣ дарахт аз паи мева паст,
Ҷуз он мева дигар наёяд ба даст.
Хусрави Деҳлавӣ
Аз нони касон навола додан
Бар нася бувад қабола додан.
Хусрави Деҳлавӣ
Касе каҷ нарафтаст бо ростон.
Хусрави Деҳлавӣ
На ҳар сар лоиқи соҳибкулоҳ аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Дар замин он, ки хору хас бигзошт,
Тухм дар вай куҷо тавонад кошт?
Рукниддини Авҳадӣ
Қавли феълу замин чун шуд рост,
Ихтилофе намонад андар хост.
Рукниддини Авҳадӣ
Набувад нек назди бедорон
Раҳи беёру кори беёрон.
Рукниддини Авҳадӣ
Ҳар чи пурсам туро, баҳона маҷўй,
Пеши ман каҷ нишину рост бигўй.
Рукниддини Авҳадӣ
То надонӣ, ки кист ҳамсоя,
Ба иморат талаф макун моя!
Рукниддини Авҳадӣ
Ҳар кас, ки бо дарахти гуле дўстӣ кунад,
Шарт он бувад, ки бознагардад ба хор аз ў.
Рукниддини Авҳадӣ
Пару боли хирад зи дил бошад,
Тани бедил ҷуволи гил бошад.
Рукниддини Авҳадӣ
Гоҳ мастию гаҳ харобӣ ту,
Кас надонад, ки аз чӣ бобӣ ту?!
Рукниддини Авҳадӣ
Роҳи мардон ба худфурўшӣ нест.
Рукниддини Авҳадӣ
Касе, к-ў ангабин ҷўяд, чӣ бок аз неши занбўраш?
Рукниддини Авҳадӣ
Сурат аз маънӣ нур гирад.
Рукниддини Авҳадӣ
Натвон баландпоя паридан, чу бол нест.
Рукниддини Авҳадӣ
Гар зи сўзи ташнагӣ ҷонат ба лаб хоҳад расид,
Аз Хизир мапзир миннат баҳри оби зиндагӣ.
Ибни Ямин
Коғази хом шакарпеч бувад,
Коғази пухта бувад маънипеч.
Ибни Ямин
Чӣ суд он гаҳ, ки моҳӣ мурда бошад,
Ки боз ояд ба ҷўи рафта обе?!
Ибни Ямин
Оташ кунад падид: уд аст ё хутаб.
Ибни Ямин
Чӣ бок, поктар ояд зару тило зи гудоз.
Ибни Ямин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо