Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар қафас аз чист булбул?-- Аз забони хештан.
Ибни Ямин

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам ,
Ки бо ман ҳар чи кард, он ошно кард.
Ҳофизи Шерозӣ

Ёд бод он, ки зи мо вақти сафар ёд накард,
Ба видое дили ғамдидаи мо шод накард.
Ҳофизи Шерозӣ

Зи санги тафриқа хоҳӣ, ки мунҳанӣ нашавӣ,
Машав ба сони тарозу ту дар паи каму беш!
Ҳофизи Шерозӣ

Аз дил биравад, ҳар он чи аз дида равад.
Ҳофизи Шерозӣ

Кай ташна сер гардад аз ламъаи саробе?!
Ҳофизи Шерозӣ

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?!
Ҳофизи Шерозӣ

Ба қадри дониши худ ҳар касе кунад идрок.
Ҳофизи Шерозӣ

На ҳар он, к-ў варақе хонд, маонӣ донист.
Ҳофизи Шерозӣ

Худситоӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳар чи оғоз надорад, напазирад анҷом.
Ҳофизи Шерозӣ

Хор, к-ў модари гулбарги тарест,
З-он ки озор кунад, сўхтанист.
Салмони Соваҷӣ

пешина
аз 331
навбатӣ