Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Фароғу айманию сиҳҳату кифофи маош,
Рафиқи хубсияр, ҳамдами накўахлоқ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба дарвеш гуфт он тавонгар: «Чаро
Ба пешам пас аз дерҳо омадӣ?!».
Бигуфто: «Чаро н-омадӣ пеши мо?!»
Басо хуштар аст аз «Чаро омадӣ?!».
Абдураҳмони Ҷомӣ
Хўи худро зи рўза тира макун,
К-аз ҳама ҳилму бурдборӣ беҳ.
Чун шавад рўза мояи озор,
Рўзахорӣ зи рўзадорӣ беҳ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Баъд аз чаҳор чиз чу ояд чаҳор чиз,
Хуштар бувад чу роҳату раҳмат пас аз азоб.
Васле пас аз фироқу вафое пас аз хилоф,
Сулҳе пас аз низоъу ризое пас аз итоб.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳазар кун зи роҳе, ки рў дар шар аст,
Ки он раҳ суи чаҳ туро раҳбар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Нигаҳ дор худро зи ҳар кори зишт,
Ки н-ояд зи покони некўсиришт.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зи дил сар занад сирри дониш нахуст,
Ки бар дасту по кор гардад дуруст .
Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз гўш маҷўй кори дида,
Фарқ аст зи дида то шунида!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо