Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
То хўшаҳо ба даст кунӣ, донае бикор!
Камоли Хуҷандӣ
Ҳазор гуна хусумат кунӣ ба халқи ҷаҳон,
Зи баски дар ҳаваси симу орзуи зарӣ.
Турост дўст зару симу хасм соҳиби он,
Ки гирӣ аз кафаш онро ба зулму ҳилагарӣ.
На муқтазои хирад бошаду саҷийяти ақл,
Ки дўстро бигузорию хасмро бибарӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Паҳлавон нест он ки дар гуштӣ
Паҳлавони дигар бияндозад,
Паҳлавон он бувад, ки вақти ғазаб
Нафси аммораро забун созад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз гилу об ҷома битвон шуст,
Ки шавад поктар зи бори нахуст.
Лек чун дил ба ғафлат олояд,
Хунат аз дидагон биполояд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Боядат мансаби баланд, бикўш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз далқу асо сидқу сафое нарасад
В-аз субҳа ба ҷуз бўи риёе нарасад.
Ҳар дам ба куҷо расӣ, магў силсила аст,
К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба панҷ мерасад асбоби зиндагонии хуш,
Ба иттифоқи ҳакимони шуҳраи офоқ:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо