Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тани ту ҷомаи ҷон аст, эй дўст,
Вале вақте ки покиза-ст, некўст.


Касе, к-ў зиёни касон суди хеш
Шуморад, манеҳ сўи вай пой пеш!


Киро бо ту гўянд бад бештар,
Чу набвад гунаҳ, дон, ки ҳасташ ҳунар.


Зоғ чун фориғ зи бўи гул бувад,
Нафраташ аз суҳбати булбул бувад.


Чизи мардум аввал зебандаам кард,
Гирифташ охиру шармандаам кард.


Ришта чу гусаст, метавон баст,
Лекин ба миён гиреҳ бимонад.


Хубро ҳар ки хуб мегўяд,
Хубӣ аз кори хуб мерўяд.


Ҳар ки ўро нафси шумаш ром шуд,
Аз хирадмандони некўном шуд.


Набошад ҳеҷ коме бениҳебе,
Набошад ҳеҷ ишқе бе итебе.


То нагиряд кўдаки ҳалвофурўш,
Баҳри бахшоиш кай ояд ў ба ҷўш?


То зи Лайлӣ сирри ҳуснаш сар назад,
Ишқи ў оташ ба олам–дар назад.


Чун набошад пок аъмол аз риё,
Ҳаст беҳосил чу нақши бўриё.

пешина
аз 331
навбатӣ