Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар бо хирқа кас дарвеш будӣ,
Раиси хирқапўшон меш будӣ.


Оқил ба канори об то раҳ меҷуст,
Девонаи побараҳна аз об гузашт.


Бувад қимати гавҳар аз обу ранг,
Чӣ ғам з-он, ки хурд аст нисбат ба санг?!


Ҳар ки гардонад зи хешованд рў,
Бегумон, нуқсон пазирад умри ў.


Ноз ба он кун, ки харидори туст,
Пеши касе рав, ки талабгори туст.


Косаи чинӣ, ки садо мекунад,
Худ сифати хеш адо мекунад.


То накунӣ ҷои қадам устувор,
Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор!


Феъли бад кори бехирад бошад,
Ҳар чи оқил кунад, на бад бошад.


Дил агар бо забон набошад ёр,
Ҳар чи гўяд забон, бувад бекор.


Хоҳони касе бошем, ки хоҳад моро,
Ҷўёи касе бошем, ки ҷўяд моро.


То аз ман намонӣ,
Қадри ман надонӣ.


Ба ганда накун ханда,
Туро кунад шарманда.


Чаҳор чиз далел бар камоли мард аст: бо дўстон машварат кардану бо душманон мудоро кардан ва оташи ҳаво фурў куштан ва сухани талх фурў хўрдан.


Ман аз ин андўҳгин намешавам, ки мардум маро, чунон ки ҳастам, намешиносанд, балки аз он ғамгинам, ки ман мардумро,чунон ки бояду шояд, намешиносам.


Ман чӣ лаззат мебарам, ки гуфтаи маро тасдиқ кунӣ!
Вақте лаззат мебарам, ки дунболаи онро бигирӣ ва чизе бар он бияфзоӣ.


Ба ҷои он ки ту худро хуб бидонӣ ва дигарон бад бидонанд, беҳтар ин нест, ки худро бад бидонӣ ва дигарон хубат бидонанд?


Ту мепиндорӣ, ки андешаи ту беҳтарини андешаҳост?
Зиҳӣ, бадбахтӣ ва гумроҳӣ!


Се чиз натавон кард илло ба се чиз: душман ҳалок натавон кард илло ба дўстӣ, ба мурод натавон расид илло ба сабр ва муҳаббат натавон афзуд илло ба тавозуъ.


Тараққӣ ба мартабаи олӣ бо заҳмати бисёр даст диҳад ва таназзул аз мартабаи ғуррат бо андак саъйе воқеъ шавад.


Қадри се чизро се тоифа донанд: қадри ҷавонӣ пирон донанд ва қадри сиҳҳат беморон ва қадри неъмат муҳтоҷон.


Мард бояд, ки ҳар сабоҳ дар оина назар кунад, агар сурати худ нек бинад, сиратро нек гардонад, то ҳар ду нек гарданд ва агар бад бинад, сиратро нек кунад, то ду бадӣ дар вай ҷамъ нашавад.

пешина
аз 331
навбатӣ