Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чаҳор чиз мўҷиби фалокат аст: ғайбат, ҳасаду вақоҳат, такаббуру наҳват, тамаъу шаҳват.
Ҳама чиз тасаддуқи ҷон, аммо ҷон тасаддуқи номус.
Ду чиз одамро ба ду чиз расонад: сабр ба мурод ва қаноат ба тавонгарӣ.
Агар тавонгарӣ хоҳӣ, писандидакор бош!
Ҳар он чи бинанд дар вайронӣ, наҷўянд дар ободонӣ.
Он ки ҳоли худ надонад, ў чӣ донад ҳоли кас?
Он чиро дида бибинад, натавон кард инкор.
Чаҳор чиз нишони бадбахтист: коҳилӣ, ҷоҳилӣ,
нокасӣ, бекасӣ.
Чу як дар баста гардад, сад дари дигар шавад пайдо.
Чашма он аст, ки аз худ биҷўшад.
Ҳар ки ба ном фирефта шавад, ба нон дармонад.
Зарарро аз ҳар ҷо ҷилав бигиранд, манфиат аст.
Иззати ҳар кас ба дасти худи ўст.
Қадри бобо он замон донӣ, ки худ бобо шавӣ.
Ҳар кас ба умеди ҳамсоя нишаст, гурусна мехобад.
Ҳар кас аз қуввати бозуи худ миннатдор аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо