Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ройи қавӣ аз шамшери бурранда коритар аст.


Ҷома ба андозаи қомат хуш аст.


Ҷазои гаронфурўш нахаридан аст.


Ганҷу мор, гулу хор, ғаму шодӣ бо ҳаманд.


Шавқ дар ҳар дил, ки бошад, раҳбараш даркор нест.


Роҳи якрўза рав, тўшаи серўза гир.


Матарс аз балое, ки шаб дар миён аст.


Нон ба ҳама кас бидеҳ, нони ҳама кас махур!


Бе машқ бошад даъвои паҳлавонӣ.


Фикри нон кун, ки харбуза об аст.


Роҳи дуруст як аст ва роҳи бад ҳазор.


Тилло, ки пок аст, чӣ нисбаташ ба хок?!


Эътироф ба нодонӣ доноӣ, иқрор ба нотавонӣ
тавоноӣ аст.


Сафои ҳар чаман аз рўи боғбон пайдост.


Сабза бар санг нарўяд, чӣ гунаҳ боронро?


Завқи гулчидан агар дорӣ, суи гулзор рав!


Зиштгўии бадон мояи зиштномии некон нашавад.


Вазн бар хеш гузоштан худро бузург пиндоштан аст.

пешина
аз 331
навбатӣ