Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фоқа--эҳтиёҷ, ниёз, тангдастӣ.
Фоҳиш--аз андоза зиёд, бисёр, шарманда, бешараф.
Фузул--густох, дағал, бешарм, пургў, лофзананда.
Фурўмонда--дармонда, нотавон, оҷиз, озурда, ғамгин, малул,
мазлум, ситамдида; Фурў мондан--интизорӣ кашидан, мунтазир
будан, мутаҳайир шудан, оҷиз гардидан, дармондан.
Фурўмоя--одами паст, сифла, ҳақир, нокас, нодон, беҳунар,
бахил, тамаъкор.
Фурўтан--тавозуъкунанда, мутеъ, фармонбардор, қобил.
Фурўғ—шуоъ, равшанӣ; тобиш, шуъла, нур.
Фусун--макр, ҳила, ҷоду.
Фуҳш--бадҷавобӣ, бадгўӣ, бадгуфторӣ.

Х
Хабис--палид, нохуш, зиштсират, бадфитрат, бадният.
Хабосат--ғанимат, тороҷ, яғмо.
Хай—арақ; хайи пешонӣ--арақи ҷабин.
Хайру шар--хубию бадӣ.
Хаданг--чўби сахт.
Хайт--ришта.
Халаф--фарзанди солеҳ, фарзанди аҳл.
Хармуҳра--муҳраи калони арзон, ки ба гардани хар банданд.
Хас--одами фурўмоя, бад, бадкор, бахил.
Хасм--душман, ҳариф.
Хик--машқ.
Хилт—омезиш; балғам.
Хирад--фаҳм, ақл, идрок, тадбир, фаросат, ҳуш, дониш,
зиракӣ.
Хирқа--ҷомаи махсуси дарвешон.
Хисол--хислатҳо.
Хома--қалами аз ной сохташуда.
Хон--табақ, суфра, миз.
Хондан--даъват кардан, ба меҳмонӣ хондан.
Хос--пок, аъло, шариф, наҷиб, асил; маҳбуб.
Хосу ом --мардумони дар дараҷа баланду паст.
Хоста--давлат, сарват, зар, мол, асбоб, мулк, амлок.
Хубс--кина, бадхоҳӣ, душманӣ, палидӣ.
Худованд--соҳиб, устод, хоҷа.
Хунук--хуб, хуш, бузургвор, фозил, хуҷаста.

пешина
аз 331
навбатӣ