Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ғосил—шўянда, ғассол.
Ғофил--бехабар; бетадбир, нодон, коҳил.
Ғунудан--осудан, оромидан, хуфтан.
Қ
Қабола—муоҳида; санади муомила, санад.
Қазийя--маротиба.
Қалам даркашидан--маҳв кардан, несту нобуд кардан.
Қаллода/қиллода -- гарданбанди саг, шутур ва ғ.
Қарин--мусоҳиб, ёр, ҳамнишин, наздик.
Қасвар--шикорӣ, сайёд.
Қасир--кўтоҳ.
Қодир--тавоно, забардаст, қобил, лоиқ.
Қоиммақом--ноиб, ҷонишин.
Қорун--номи гиёҳе хушбў; номи тавонгари бениҳоят бахил.
Қоҳир--ғолиб, фотеҳ, музаффар, фирўз; тавоно, боқувват.
Қудрат--қувват, тавоноӣ, иқтидор, далерӣ.
Қуллоб--шаст.
Қурси Хуршед--чашмаи Хуршед.
Қулунҷ--касалии рўда ё аъзои дигари бадани инсон.
Қумош--пораи абрешим, матоъи хуб.
Қурабо--наздикон, хешон.
Ҳ
Ҳабо--ҳақир, залил; хорӣ, ночизӣ.
Ҳаво, ҳавову ҳавас-- шуҳрат, хоҳиш, орзу; айшу ишрат.
Ҳаводис--сахтиҳо, мушкилиҳои замона, балоҳои замона.
Ҳадаф--нишона.
Ҳадис--хабар.
Ҳажир--зебо, хуб, нек.
Ҳаз(з)--ҳузур, баҳра, насиб, бахт.
Ҳайвон--зиндагӣ, номи афсонавии обе дар биҳишт.
Ҳалидан--фурў гузоштан, тарк кардан, фурў андохтан.
Ҳалоҳил--заҳри зудкуш.
Ҳамвора--ҳамеша, доим, абадан.
Ҳамида--писандида, ситуда.
Ҳамто--монанд, назир, ҳамсар, шарик.
Ҳанзал--кадуи даштии бисёр талх.
Ҳароина/ҳаройина--ночор, ноилоҷ; бешак; ҳатман, ҳамеша.
Ҳаросон--тарсон, тарсанда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо