Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳасан--хуб, некў, соҳибҷамол.
Ҳашмат--бузургворӣ, азамат, шавкат, дабдаба.
Ҳаюло—модда, нахустин унсури ҳар ҷисм.
Ҳақир--заиф, хор, хурд, беқадр.
Ҳаҷар--санг.
Ҳикмат--доноӣ, зиракӣ; гуфтори оқилона, пешгўӣ.
Ҳилм--сабр, тоқат.
Ҳимдан--тарк кардан, аз баҳри чизе гузаштан.
Ҳин--рўзгор, ҳангом, вақт.
Ҳинҷор--қоида, меъёр, андоза.
Ҳирбад/ҳирбуд -- пешвои оташпарастон.
Ҳирс--тамаъ, томеъ, оз.
Ҳирфат--қасб, пеша, санъат, дасткорӣ.
Ҳифз--нигаҳбонӣ, муҳофизат, посбонӣ.
Ҳишмат/ҳашмат -- бузургворӣ, азамат, шавкат.
Ҳозиқ--зирак, моҳир, кордон.
Ҳоил--монеъ.
Ҳомил—бардор, борбар.
Ҳомун, дашти ҳомун--дашти ҳамвор, холӣ, пасту баланд.
Ҳосид--ҷамъи ҳасад; ҳасудон, бахилон.
Ҳотами Той--номи ҷавонмарди араб (аз қабилаи тай (той), ки
дар саховат ҳамто надошт.
Ҳуб(б)--дўстӣ, ишқ, муҳаббат.
Ҳумой--номи мурғе, ки устухон хўрад.
Ҳумоюн--муборак, хуҷаста, саодатманд.
Ҳур--озод, ҷавонмард, карим, сахӣ.

Ҷ
Ҷабба/ҷубба--киса, тирдон.
Ҷавз--чаҳормағз.
Ҷавзо--номи ситора.
Ҷавоз--аз ҷое гузоштан, ҳован.
Ҷавор, дар ҷавор--дар паноҳ.
Ҷавшан--силоҳи ҷаббамонанд, ки аз ҳалқа ва танга месозанд.
Ҷадал--муноқиша, мубоҳиса; ҷангу хархаша.
Ҷалдӣ--суръат, шитоб, чолокӣ.
Ҷалол--бузургӣ, калонӣ, азамат, бузургворӣ, сарфарозӣ;
қудрат, қувват, шавкат, равнақ, ҳайбат.
Ҷанин--бачаи дар шиками модарбуда.
Ҷарида--танҳо, фард; дафтар; хароб, вайрон.

пешина
аз 331
навбатӣ