Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар ки бо мардум насозад дар ҷаҳон,
Зиндагии талх дорад, бегумон.


Ҳар ки бо халқ бистезад,
Сар ба сар обрў резад.


Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош!


Бигир домани ҷамъиятеву коре соз!

3.ЗУЛМУ СИТАМ

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Ҳаме дар он чи на озодагист, пеша кунӣ,
Сари ту аз дари он аст, ки зери теша кунӣ.
Абулҳасани Мунҷик

Ситамкораро зинда бар дор кун,
Ду пояш зи бар сарнагунсор кун!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳаросон бувад мардуми сахткор,
Ки ўро набошад касе дўстдор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Бад-он хоста нест моро ниёз,
Ки аз ҷавру бедод омад фароз.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ситам бар ситамкора ояд падид.
Абулқосими Фирдавсӣ

Палангу ҷафопеша мардум якест.
Абулқосими Фирдавсӣ
Набошад ҳеҷ озода ситамгар.
Фахриддини Гургонӣ

Гурги даранда гарчи куштанӣ аст,
Беҳтар аз мардуми ситамгор аст.
Носири Хусрав

Агар касе худро аз зулм бознатавонад дошт, чӣ зарурат, ки дигаронро бознадорад?!
Низомулмулк

Зулм аз ҳар ки ҳаст, нек бад аст,
В-он ки ў золим аст, нек бад аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳар куҷо зулм рахт афкандаст,
Мамлакатро зи бех баркандаст.
Нест бар золим аз тану зану мол
Ҷуз магар хунаш ҳеҷ чиз ҳалол.
Абдулмаҷди Саноӣ

Пашша аз пил кам зияд бисёр,
З-он ки қўтаҳбақо бувад хунхор.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳар куҷо ситам омад, бирафт дод.
Сўзании Самарқандӣ

Қалам даркаш оини бедодро,
Кифоят кун аз халқ фарёдро!
Низомии Ганҷавӣ

Аз ситам ҳар, к-ў дилеро реш кард,
Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард.
Фаридуддини Аттор

пешина
аз 331
навбатӣ