Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Эй, ки ту аз зулм чоҳе меканӣ,
Аз барои хеш доме метанӣ.
Ҷалолиддини Румӣ
Касе, к-ў ҷафову ситам мекунад,
Яқин аст, к-ў бехи худ меканад.
Намонад ситамгори бадрўзгор,
Бимонад бар ў лаънати пойдор.
Саъдии Шерозӣ
Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!
Саъдии Шерозӣ
Заифонро макун бар дил газанде,
Ки дармонӣ ба ҷаври зўрманде!
Саъдии Шерозӣ
Тараҳҳум бар паланги тездандон
Ситамгорӣ бувад бар гўсфандон.
Саъдии Шерозӣ
Ба озори мазлум моил мабош,
Зи дуди дили халқ ғофил мабош!
Саъдии Шерозӣ
Ба бозувони тавонову қуввати сари даст
Хатост панҷаи мискини нотавон бишикаст.
Саъдии Шерозӣ
Зери поят гар надонӣ ҳоли мўр,
Ҳамчу ҳоли туст зери пои пил.
Саъдии Шерозӣ
Ҳаргиз касе, ки хонаи мардум хароб кард,
Обод баъд аз он набувад хонумони ў.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё