Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Аз гурснагӣ бимир, аммо зинҳор,
Он дона, ки дорад даҳани мўр, магир!
Абдулқодири Бедил
Бар хеш ситам раво мадор, эй ғофил,
Чашме во кун, ки тангчашмӣ кўрист.
Абдулқодири Бедил
Нек аст ҳар он бад, ки ба бедодгар ояд.
Ҳабиби Қоонӣ
Он ки дар банди дилозорӣ бувад,
Дар уқубат кори ў зорӣ бувад.
Зулм он аст, ки бар бегуноҳе тааддӣ равад, валекин бар золимон зулм кардан айни инсоф бошад.
Агар касе қабули зулм накунад, зулм аз миён бархезад. Золиме нест, ки ба зулми дигаре гирифтор нашавад.
Ба раият зулм кардан пояи умри давлати худ кандан аст.
Бунёди зулм андак бувад, андак-андак бисёр шавад.
Чароғи ситамгар то бомдод насўзад.
Решаи бедод бар хокистар аст.
Озордиҳанда ҷуз озор набинад.
Хонаи золим хароб аст.
Дарахти зулм бақо надорад.
4. МУБОРИЗА ВА ОЗОДӢ
Дилу пушти бедодгар бишканед,
Ҳама беху шохаш зи бун барканед!
Абулқосими Фирдавсӣ
Бурида беҳ он сар, к-аз бадӣ натобад сар.
Абулҳасани Фаррухӣ
Аз ситамгорон бигиру бо накўкорон бихўр,
Бо ҷаҳонхорон биғалту бар ҷаҳондорон битоз!
Абулнаҷми Манучеҳрӣ
Хуш ояд табъи мор ошўфтанро,
Нашояд мор ҷуз сар кўфтанро.
Носири Хусрав
Паи чоҳкан дар таҳи чоҳ зан,
Сари роҳзан бар сари роҳ зан!
Заҳири Форёбӣ
Неъмате беҳтар аз озодӣ нест.
Афзалиддини Ҳоқонӣ
Мурғ, к-ў андар қафас зиндонӣ аст,
Менаҷўяд растан, аз нодонӣ аст.
Ҷалолиддини Румӣ
Даст бар пушти мор молидан
Ба талаттуф на кори ҳушёр аст,
К-он бадахлоқи бемурувватро
Санг бар сар задан сазовор аст.
Саъдии Шерозӣ
Нафси золим мисоли занбўр аст,
Ки ҷаҳонаш зи даст менолад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё