Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Сабр кун, то биюфтад рўзе,
Ки ҳама пой бар сараш молад.
Саъдии Шерозӣ
Накунӣ дафъи золим аз мазлум,
То дили халқ нек бихрошанд;
То ту бар сайди гург пардозӣ,
Гўсфандон ҳалок мебошанд.
Саъдии Шерозӣ
Ҷаҳонсўзро кушта беҳтар чароғ,
Яке беҳ дар оташ, ки халқе ба доғ!
Чу андар саре бинӣ озори халқ,
Ба шамшери тезаш биёзор ҳалқ!
Саъдии Шерозӣ
Ҷаҳонпешагонро бидеҳ сар ба бод,
Ситам бар ситампеша адл асту дод.
Саъдии Шерозӣ
Бихур мардумозорро хуну мол,
Ки аз мурғи бад канда беҳ парру бол!
Саъдии Шерозӣ
Сари гург бояд ҳам аввал бурид,
На чун гўсфандони мардум дарид.
Саъдии Шерозӣ
Оҳи дили мазлум ба сўҳон монад,
Гар худ набурад, бурандаро тез кунад.
Саъдии Шерозӣ
Рўзгор ҳайфу раво надорад, ҳар оина доди мазлумон бидиҳад ва дандони золимон бишканад.
Саъдии Шерозӣ
Дили дармондагон ба даст овар,
Ба ситампешагон шикаст овар!
Рукниддини Авҳадӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё