Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар пилзўрӣ ва гар шерчанг,
Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг!
Агар сулҳ хоҳад адў, сар мапеч,
Вагар ҷанг ҷўяд, инон бармапеч!
Саъдии Шерозӣ

Чун хайли ту сад бошаду хасми ту ҳазор,
Худро ба ҳалок маспур, ҳуш дор!
То битвонӣ, баровар аз хасм димор,
Чун ҷанг надонӣ, оштӣ айб мадор!
Саъдии Шерозӣ

Чу пархош бинӣ, таҳаммул биёр,
Ки саҳлӣ бибандад дари корзор.
Саъдии Шерозӣ

На дониш бошад он касро, на фарҳанг,
Ки вақти оштӣ пеш оварад ҷанг.
Саъдии Шерозӣ

Вақте дили дўстон ба ҷанг озоранд,
Чандон ки на ҷои оштӣ бигзоранд.
Саъдии Шерозӣ

Бо мардуми саҳлгўй душвор магўй,
Бо он, ки дари сулҳ занад, ҷанг маҷўй!
Саъдии Шерозӣ

Ҳаме то барояд ба тадбир кор,
Мудорои душман беҳ аз корзор.
Саъдии Шерозӣ

Чу бо ту хасм шавад сифла, он на аз хирад аст,
Ки дар хусумати вай макру ҳила соз кунӣ.
Ҳазор ҳила тавон сохт в-аз ҳама он беҳ,
Ки ҳам зи сулҳу ҳам аз ҷангаш эҳтироз кунӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

пешина
аз 331
навбатӣ