Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Аз оташ набинӣ ҷуз афрўхтан,
Ҷаҳоне чу пеш оядаш сўхтан.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба пеши бародар бародар ба ҷанг
Наёяд, агар бошадаш ному нанг.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи ҷанг оштӣ, бегумон, беҳтар аст,
Нигаҳ кун, ки говат ба чарм андар аст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Наёяд зи пайкор ҷуз кори бад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Хуш аст ин нукта аз гетишиносон,
Ки бошад ҷанг дар наззора осон.
Фахриддини Гургонӣ
Ба ҷанг андар хирадманди накўрой
Бимонад оштиро лахтаке ҷой.
Фахриддини Гургонӣ
Набояд, то набошад ҷурм, узре,
На сулҳе, то набошад корзоре.
Носири Хусрав
Сулҳ ҷудо кун зи ҷанг, з-он ки на некў бувад
Дастгаҳи шишагар пойгаҳи козарӣ.
Абдулмаҷди Саноӣ
Муроде, ки дар сулҳ гардад тамом,
Чӣ бояд суйи ҷанг додан лагом?!
Низомии Ганҷавӣ
Потиҳӣ гаштан беҳ аст аз кафши танг,
Ранҷи ғурбат беҳ, ки андар хона ҷанг.
Ҷалолиддини Румӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё