Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Касе, к-ў харидори некӣ шавад,
Нагўяд бадӣ, то бадӣ нашнавад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳама некувӣ пеша кун, гар тавон,
Ки бар кас намонад ҷаҳон ҷовидон!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба ҷое ба кас гар ту некӣ кунӣ,
Мазан бар сараш, то дилаш нашканӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу некӣ намоянд, подош кун,
Намон, то шавад ранҷи некон куҳун!
Абулқосими Фирдавсӣ
Бикўшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба гетӣ ба ҷуз тухми некӣ макор!
Абулқосими Фирдавсӣ
Неку бад ҳар ду тавон кард, валекин, бешак,
Нек душвор тавон кардану бад сахт осон.
Абулҳасани Фаррухӣ
Бар накўкорӣ ҳаргиз накунад халқ зиён.
Абулҳасани Фаррухӣ
Агар хоҳӣ, ки некўтарин ва писандидатарини мардумон бошӣ, он чӣ ба худ написандӣ, ба кас маписанд!
Унсурулмаолии Кайковус
Агар хоҳӣ, ки мардумон туро накўгўй бошанд,
накўгўи мардумон бош!
Унсурулмаолии Кайковус

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё